САҲИФАИ ПРОФЕССОРИ КАФЕДРАИ ТАЪМИНОТИ БАРҚ ВА АВТОМАТИКА РАҲИМОВ ОХУНБОБО САЙФИДИНОВИЧ


   Вазифа:  и.в. профессор

   Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои техникӣ

   Унвони илмӣ :  дотсент

   Телефон:  (+992) 92-928-04-09

   E-mail: rahimov_o_1948 @ mail.ru


Раҳимов Охунбобо Сайфиддинович 4 марти соли 1948, дар шаҳри Ленинобод (ҳозира ш.Хуҷанд) таваллуд ёфтааст. Баъд аз хатми мактаби миёнаи №20, соли 1965 ба донишкадаи Энергетикии ш.Москва (МЭИ) дохил шуда баъд аз хатми факултети электромеханики бо роҳхати Вазорати мактабҳои олӣ ва миёнаи касбии РСС Тоҷикистон дар кафедраи Асосҳои назарияи электротехникаи Донишкадаи Политехникии Тоҷикистон ба вазифаи ассистенти кафедра ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ намудааст. Дар давраи донишҷӯи аз солҳои 1967 Раҳимов О.С. дар корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедраи Техникаи кабелӣ ва электроизолятсионӣ (мудири кафедра профессор Привезенцев В.А.) фаъолона иштирок намуда, соли 1971 рисолаи дипломии худро таҳти роҳбарии профессор Холодный С.Д. бо муваффақият ҳимоя намудааст. Натиҷаҳои таҷрибавии дар  лоиҳаи дипломӣ ҳосил карда шуда дар қоидаҳои сохти дастгоҳҳои электрӣ (ПУЭ) инъикос гардидаанд ва диплом ҳамчун кори илмии дар истеҳсолот истифода шуда бо дипломи дараҷаи якӯм қадрдони карда шудааст. Дар соли 1973 ба аспирантураи Донишкадаи кӯҳии Москва (МГИ)  дохил шуда дар кафедраи Электрификатсияи корхонаҳои кӯҳӣ таҳти роҳбарии д.и.т., проф. Щуцкий В.И. рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Коркарди усули ченкунии параметрҳои изолятсия ва таҳқиқи шароитҳои электробехатарӣ дар шабакаҳои барқии шиддаташон то 1000 В-и  конҳои металлҳои рангаи Осиёи Миёна” бо муваффақият ҳимоя намуда сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ гардидааст.

Баъд аз хатми аспирантура фаъолияти меҳнатии худро дар кафедраи Асосҳои назарияи электротехника дар вазифаҳои муаллими калон (аз с.1978), дотсенти кафедра (с.1982), мудири кафедра (аз с.1986) ва декани факултети энергетикии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон (аз с.1994) давом додааст. Дар ин давра Раҳимов О.С. корҳои илмӣ-тадқиқотии худро дар самти электробехатарӣ, магнитноккунии обҳои техникӣ ва ғайра давом медиҳад. Дар асоси корҳои таълимӣ як қатор дастурҳои методӣ оид иҷроиши корҳои лабораторӣ аз фанҳои Электротехника (барои донишҷӯёни ихтисосҳои ғайриэлектрикӣ) ва Асосҳои назарияи электротехника аз чоп мебарорад. Барои донишҷӯёни ихтисосҳои электротехникӣ ва электроэнергетикӣ китоби дарсии “Переходные процессы в нелинейных электрических цепях”-ро таҳти таҳрири проф.Нетушил А.В. аз чоп мебарорад. Донишҷӯёни факултети энергетикӣ таҳти роҳбарии Раҳимов О.С. дар олимпиадаҳо аз фанни Асосҳои назарияи Электротехника иштирок намуда сазовори ҷойҳои намоёнгаштаанд.

Дар ҳаёти ҷамъиятии донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, вазифаҳои раиси профбюрои факултет, аъзои комитети касабаи донишгоҳ, аъзои Шӯрои олимони факултети энергетикӣ ва донишгоҳ, инчунин раиси ҷамъияти ҳушёрони донишгоҳро иҷро намудааст.

Аз моҳи сентябри соли 1995 дар филиали Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи акад. М.С. Осимӣ ба вазифаи дотсенти кафедраи Электротехника ва автоматика ва аз соли 1996 то 2008 дар вазифаи мудири кафедра фаъолият менамояд. Дар давоми солҳои 2008-2010 Раҳимов О.С. дар кафедраи Электротаъминкунии филиали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вазифаи дотсенти кафедраро иҷро намудааст. Аз соли 2010 баъд аз ҳамҷояшавии филиалҳои Донишгоҳҳои Техникӣ ва Технологии Тоҷикистон ҳамчун Донишкадаи Политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон то соли 2018 вазифаи мудири кафедраи Таъминоти барқ ва Автоматика иҷро намудааст.

Муаллифи 99 корҳои илмӣ ва таълимӣ-методӣ буда аз он ҷумла шаҳодатнома оид ба ихтироот мебошад. Дар  байни корҳои чоп шуда чунин китобҳои дарсӣ аз фанҳои гуногун ҷой доранд.



Китобҳои дарсии нашршуда:



Гиперoҳаволаҳо барои маводҳои таълимӣ

Дар Вебсаҳифаи шахсӣ гиперҳаволаҳо барои гирифтани китобҳои дарсӣ ва маводҳои таълимӣ дар шакли электронӣ ҷой дода шуданд.

Ҷойгиршавии вебсаҳифаи мазкур дар шабакаи Интернет

Вебсаҳифаи профессори кафедраи Таъминоти барқ ва Автоматика Раҳимов Охунбобо Сайфиддинович дар шабакаи Интернет ҷойгир карда шуд.